ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ КЕНТИ БРИТАНИЯИ КАБИР
Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар самти таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсил барои ҷавонони лаёқатманди тоҷик, намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дар Британияи Кабир бо роҳбарияти Донишгоҳи Кент (University of Kent), яке аз муассисаҳои таҳқиқотии бонуфузи ин кишвар, вохӯрии сатҳи баланд баргузор намуд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки бо иштироки ректори донишгоҳ тариқи онлайн ва муовини ректор ба таври ҳузурӣ сурат гирифт, масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила, фароҳамсозии шароити таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик, таъсиси имтиёзҳо, барномаҳои муштарак ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор дошта, таъкид намуданд, ки Донишгоҳи Кент имкониятҳои фарогирро барои қабули донишҷӯён, дастгирии иҷтимоӣ ва таъмини муҳити омӯзишӣ муҳайё кардааст.

Дар рафти суҳбат зикр гардид, ки дар соли таҳсили 2025–2026 донишгоҳ омода аст, ки 10 нафар донишҷӯи тоҷикро дар ихтисоси меъморӣ (Architecture) ба таҳсил фаро гирад ва барои онҳо шароити мусоиди зиндагӣ ва таълимро фароҳам оварад.
Намояндаи Марказ зимни боздид аз донишгоҳ бо синфхонаҳои муҷаҳҳаз, нафарони масъул, муҳити таълимӣ, китобхонаҳо, марказҳои таҳқиқотӣ ва инфрасохтори зисту омӯзиш аз наздик шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки Донишгоҳи Кент соли 1965 таъсис ёфта, маркази он дар шаҳри Кентерберии Англия ҷойгир аст. Айни замон донишгоҳ дорои се кампуси асосӣ – Кентербери, Медуэй ва Брюссел буда, зиёда аз 20 факултет дорад ва беш аз 150 барномаи таълимии сатҳи бакалавр ва магистрро пешниҳод намудааст. Дар асоси рейтингҳои байналмилалӣ, Донишгоҳи Кент барои сифати баланди омӯзгорӣ, муҳити академӣ, дастгирии донишҷӯён, гуногунрангии фарҳангӣ ва фазои созандаи таълимӣ ҷойгоҳи намоён касб намуда, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ чун платформаи пешрафта дар таҳсилоти олӣ эътироф шудааст.

Муҳимтар аз ҳама, барномаи тиҷорат ва менеҷменти донишгоҳ дар қатори 1 фоизи беҳтарини донишгоҳҳои ҷаҳон шомил гардидааст (Top 1% in the world for Business), ки гувоҳи сатҳи баланди омӯзиш, пайвастагии мустақим бо бозори меҳнат ва қобилияти рақобатпазирии хатмкунандагон мебошад.
Имрӯз Донишгоҳи Кент зиёда аз 18 000 донишҷӯро аз 150 кишвари ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифта, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалиро яке аз самтҳои калидии рушди стратегӣ арзёбӣ мекунад. Дар бахшҳои меъморӣ, муҳандисӣ, ҳуқуқ, равоншиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва илмҳои иҷтимоӣ донишгоҳ таҳсили муосир ва замонавиро ба роҳ мондааст.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ изҳори боварӣ менамояд, ки тавассути чунин ташаббусҳои судманд ва густариши равобити илмӣ, барои ҷавонони тоҷик имкониятҳои бештар барои таҳсил, рушди касбӣ ва пайвастан ба низоми илмии ҷаҳонӣ фароҳам хоҳад шуд.
