gerb

ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОКСФОРД» ҶИҲАТИ ФАРОҲАМСОЗИИ ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ ТАҲСИЛ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои таҳсили донишҷӯёни лаёқатманд, намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо роҳбарияти Муассисаи таълимии байналмилалии «Оксфорд» (Oxford International Education Group (OIEG), яке аз ташкилотҳои бонуфузи хусусии соҳаи маорифи Британияи Кабир, ду вохӯрии сатҳи баланд баргузор намуд.



Дар ҷараёни мулоқот, ки бо иштироки ректори донишгоҳ тариқи онлайн ва муовини ректор ба таври ҳузурӣ сурат гирифт, масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила, фароҳамсозии шароити таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик, таъсиси имтиёзҳо, барномаҳои муштарак ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор дошта, таъкид намуданд, ки Донишгоҳи Кент имкониятҳои фарогирро барои қабули донишҷӯён, дастгирии иҷтимоӣ ва таъмини муҳити омӯзишӣ муҳайё кардааст.




Вохӯрии аввал бо муовини роҳбари OIEG хонум Лаура Гуга-Войс баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, шароити будубоши онҳо, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳамкориҳои эҳтимолӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла тавассути барномаҳои роҳнамоӣ ба донишгоҳҳо (university pathway programs), таъкид намуданд.



Муҳимтар аз ҳама, барномаи тиҷорат ва менеҷменти донишгоҳ дар қатори 1 фоизи беҳтарини донишгоҳҳои ҷаҳон шомил гардидааст (Top 1% in the world for Business), ки гувоҳи сатҳи баланди омӯзиш, пайвастагии мустақим бо бозори меҳнат ва қобилияти рақобатпазирии хатмкунандагон мебошад. Имрӯз Донишгоҳи Кент зиёда аз 18 000 донишҷӯро аз 150 кишвари ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифта, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалиро яке аз самтҳои калидии рушди стратегӣ арзёбӣ мекунад. Дар бахшҳои меъморӣ, муҳандисӣ, ҳуқуқ, равоншиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва илмҳои иҷтимоӣ донишгоҳ таҳсили муосир ва замонавиро ба роҳ мондааст.



Вохӯрии дуюм бо директори генералии муассиса хонум Лил Бремерманн-Ричард баргузор гардида, дар рафти он ҷонибҳо пас аз баррасии паҳлуҳои муҳимми ҳамкорӣ созишномаи расмии ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар асоси созишномаи баимзорасида, донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд метавонанд тавассути механизмҳои ин муассиса ба таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ ИМА ва Австралия роҳ ёбанд. Ин ҳамкории судманд барои боз ҳам беҳтар сохтани шароити таҳсил, баланд бардоштани сифати таълим ва тавсеаи доираи ҷаҳонбинии насли ҷавони кишвар мусоидат хоҳад кард. Oxford International Education Group (OIEG) – муассисаи хусусии байналмилалии таълимиест, ки соли 1991 таъсис ёфта, ҳадафи он фароҳам овардани дастрасӣ ба таҳсилоти босифат барои донишҷӯёни тамоми ҷаҳон мебошад. OIEG дорои барномаҳои гуногун мебошад, аз ҷумла: • барномаҳои роҳнамоӣ ба донишгоҳҳо (foundation, pre-masters, International Year One), • курсҳои забони англисӣ дар Британия, Канада ва ИМА, • омӯзиши онлайн тавассути OI Digital Institute. Ин муассиса бо донишгоҳҳои маъруфи Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ, ИМА ва Австралия ҳамкорӣ дошта, донишҷӯёнро барои дохил шудан ба сатҳҳои бакалавр ва магистр омода месозад.