БАРРАСИИ ДУРНАМОИ ТАҲСИЛОТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲИ БИРМИНГЕМ
Бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ ва беҳтар намудани шароити таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Британияи Кабир, дар шаҳри Бирмингем вохӯрии намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо роҳбари бахши Барномаи омодагии академӣ (Foundation)-и Донишгоҳи Бирмингем баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби довталабони лаёқатманд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таҳсил ва дастгирии академии донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Донишгоҳи Бирмингем яке аз муассисаҳои пешрафта ва маъруфи Британияи Кабир ба шумор меравад ва тибқи рейтинги Раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳо (QS) )QS World University Rankings), дар садгонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон ҷой дорад. Ин донишгоҳ дар риштаҳои муҳандисӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ, илмҳои дақиқ, тиб ва ҷамъиятшиносӣ мавқеи хос дошта, дорои муҳити пешрафтаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва фазои гуногунмиллӣ мебошад.

Дар идома, намояндаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин донишгоҳ тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таҳсил доранд, вохӯрӣ анҷом дод. Намояндаи Маркази аз хобгоҳҳо, синфхонаҳо ва инфрасохтори таълимии муассиса аз наздик дида карда, бо шароит ва муҳити таҳсили донишҷӯён шинос гардид.
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Бирмингем асосан дар ихтисосҳои сохтмон, муҳандисӣ, технологияи иттилоотӣ ва соҳаҳои марбут ба рушди устувор таҳсил менамоянд.
Намояндаи Марказ зимни суҳбат бо донишҷӯён ба зарурати истифодаи самараноки имкониятҳо, тақвияти ҷаҳонбинӣ, ташаббускорӣ ва иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ таъкид намуда, онҳоро ба муаррифии арзишҳои миллӣ ва таъриху фарҳанги тоҷикӣ дар муҳити донишгоҳӣ даъват намуд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти бахши Барномаи омодагии академии донишгоҳ омодагии худро барои таҳия ва татбиқи барномаҳои муштарак, таҳкими робитаҳои илмӣ ва тавсеаи табодули устодону донишҷӯён бо ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт.
