ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ЛОНДОН
Намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо донишҷӯёни тоҷик, ки тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” дар муассисаҳои таҳсилоти олии Британияи Кабир таҳсил мекунанд, вохӯрии судманд доир намуд.

Воохӯрӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо ҳадафи таҳкими иртибот бо донишҷӯёни стипендиат, арзёбии ҷараёни таҳсил ва баррасии масоили марбут ба омодагии онҳо барои бозгашт ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар баргузор гардид.

Зимни суҳбат бо донишҷӯён, намояндаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ махсусан ба дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва неруи зеҳнии кишвар ишора карда, таъкид дошт, ки эътимоди давлат ба ҷавонони донишомӯз, бахусус гирандагони стипендияи “Дурахшандагон”, яке аз сутунҳои муҳимми сиёсати кадрӣ ва рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҷараёни мулоқот, донишҷӯён доир ба шароити таҳсил, пешравиҳо, мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар карданд. Намояндаи Марказ бо онҳо вобаста ба истифодаи самараноки вақт, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинӣ ва ташаббусҳои созанда суҳбат намуда, таъкид дошт, ки донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ бояд дар муаррифии фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ нақши фаъол дошта бошанд.
Ҳамзамон, масъалаи дурӣ ҷустан аз ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ, риояи қонунгузорӣ ва интизом, ҳамчун меъёри муҳимми донишҷӯ будан дар хориҷи кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
