gerb

ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ ТАҲСИЛ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ ДЕ-МОНТФОРТ

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таҳсилоти олӣ ва тақвияти муносибатҳо бо муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ, намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дар шаҳри Лестер бо роҳбарияти Донишгоҳи Де-Монтфорт (De Montfort University) вохӯрӣ анҷом дод.



Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба имкониятҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик, муаррифии барномаҳои афзалиятнок, ташкили лоиҳаҳои муштарак ва табодули устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Зимни суҳбат бо донишҷӯён, намояндаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ махсусан ба дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва неруи зеҳнии кишвар ишора карда, таъкид дошт, ки эътимоди давлат ба ҷавонони донишомӯз, бахусус гирандагони стипендияи “Дурахшандагон”, яке аз сутунҳои муҳимми сиёсати кадрӣ ва рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад.



Дар ҷараёни мулоқот, донишҷӯён доир ба шароити таҳсил, пешравиҳо, мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар карданд. Намояндаи Марказ бо онҳо вобаста ба истифодаи самараноки вақт, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинӣ ва ташаббусҳои созанда суҳбат намуда, таъкид дошт, ки донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ бояд дар муаррифии фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ нақши фаъол дошта бошанд.



Ҳангоми боздид аз донишгоҳ, намояндаи марказ бо шарту шароити хобгоҳҳо, инфрасохтори таълимӣ, лабораторияҳои таҷҳизонидашуда, марказҳои тадқиқотӣ ва фазои омӯзишии навин шинос гардид. Маълум шуд, ки донишгоҳ дорои имкониятҳои васеъ барои фароҳам овардани муҳити омӯзишу таҳқиқ ва дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯён мебошад. Раёсати донишгоҳ омодагии худро ҷиҳати пазириши донишҷӯёни тоҷик дар самтҳои зикршуда иброз дошт. Маркази барномаҳои байналмилалӣ омода аст, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Де-Монтфорт барномаҳои мушаххаси таҳсилоти олиро тарҳрезӣ намуда, ҷалби донишҷӯёни лаёқатмандро аз Тоҷикистон таъмин намояд.