ЭЪЛОН! ТАҲСИЛ ДАР РОССИЯ БО КВОТА
Ҷавонони болаёқати тоҷик имкон доранд бо квотаи давлатӣ дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (ш. Красноярск) дар зинаи бакалаврият аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ таҳсил намоянд. Ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод шаванд ба: Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Суроға: ш. Душанбе, кӯч. Мирзо Турсунзода 47 Тел: (+992 372) 23 23 59

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
– Ариза ва тарҷумаи ҳол (тоҷикӣ + русӣ)
– Аттестат бо замима ва тавсифнома
– Нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд, ИНН
– Маълумотномаҳо: аз ҷои истиқомат, ҳайати оила, ВИЧ/СПИД, маводи нашъаовар, вазъи саломатӣ
– Расмҳо: 10 дона (4х6), 1 дона (9х12)
– Варақаи комиссариати ҳарбӣ, скорошиватель – 3 дона, конверт – 3 дона
Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар 2 нусха, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва бо тасдиқи нотариалӣ пешниҳод шаванд.
Барои маълумоти иловагӣ ба Марказ муроҷиат намоед!