ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!
Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир барои соли таҳсили 2025–2026 бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура пешниҳод менамояд. Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо: 30 июни соли 2025 Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои зарурии худро ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» пешниҳод намоянд.

Диққат!
Тибқи талаботи Ҷумҳурии Алҷазоир, довталабон бояд инчунин худро дар сомонаи ҷониби қабулкунанда ба қайд гиранд.
Суроға барои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо:
ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47
Телефон барои тамос: +992 372 23 23 59
Маркази барномаҳои байналмилалӣ, роҳнамои Шумо барои амалӣ гардонидани орзуҳо!