СЕМИНАРИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗУИ «РАВАНДИ БОЛОНИЯ ВА НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН: ТАМОЮЛ ВА ДУРНАМО»
24 сентябри соли 2025, Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон семинари маҷозиро таҳти унвони «Раванди Болония ва низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон: тамоюл ва дурнамо» баргузор намуд. Семинар бо дастгирии Миссияи кӯмаки техникии (TAM), Маркази дастгирии шабакаи коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (SPHERE) ва Обсерваторияи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо минтақаҳои дигари ҷаҳон (OBREAL Global) дар доираи барномаи Erasmus+ Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Дар семинар беш аз 60 нафар – намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ҳамчунин коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ дар самти ислоҳоти таҳсилоти олӣ, иштирок намуданд.
Чорабиниро доктори PhD Моҳбону Нақҳатзода, ҳамоҳангсози Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон, расман ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ, ӯ ба аҳаммияти мавзуи рӯз, зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши таҳсилоти олӣ ва нақши барномаи Erasmus+ дар пешбурди ислоҳот таъкид намуд.

Баъди ифтитоҳи расмӣ, семинар бо суханронии хонум Бану Мукатаевна Нарбекова, муовини ректор оид ба масъалаҳои академии Донишгоҳи миллии педагогии Қазоқистон ба номи Абай ва узви гурӯҳи КИТО (коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ, HERE) Қазоқистон оғоз ёфт. Мавсуф таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистонро дар татбиқи Раванди Болония муаррифӣ карда, ба арзишҳо ва принсипҳои асосии ин раванд, марҳилаҳои асосӣ ва мушкилоти татбиқи он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Доктор Саймон Марти, намояндаи Ассотсиатсияи аврупоии донишгоҳҳо (EUA), дар мавзуи рушди таҳсилоти докторӣ дар чорчӯбаи Раванди Болония баромад кард. Мавзуъҳое чун сохтор ва институтсионализатсияи барномаҳои PhD, мақоми донишҷӯёни докторӣ, роҳнамоии илмӣ ва имкониятҳои рушди касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Одиназода Рамазан Сафар, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ, узви гурӯҳи коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ Тоҷикистон, бо маърузаи «Микрокредитҳо: ояндаи таҳсилоти олӣ ва бозори меҳнат» баромад намуд. Дар баромади худ ӯ мафҳуми микрокредит, фарқияти он аз дипломи анъанавӣ, афзалиятҳо ва мушкилоти марбут ба татбиқи ин формати навро шарҳ дод.

Дар ҷараёни семинар зикр гардид, ки Раванди Болония то ҳол ҳамчун мавзуи муҳимми ислоҳоти таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Иштирокчиён зарурати тақвияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақомоти давлатӣ ва шарикони байналмилалиро таъкид намуда, ба муҳиммияти ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии таълим, аз ҷумла, микрокредитҳо ва такмил додани модели таҳсилоти докторӣ, ишора намуданд.
Семинар ба ҳайси майдони табодули таҷриба ва ташаккули дурнамо ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон баромад кард.
