ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАРОКАШ
2-3 июни соли 2025 дар шаҳри Рабати Марокаш, бо ташаббуси барномаи Erasmus+ Иттиҳоди Аврупо ва дастгирии Вазорати таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмии Марокаш, Семинари байналмилалии мутахассисони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (HERE – Higher Education Reform Experts) таҳти унвони “Оё дараҷаҳо аз байн мераванд? Микромуҳрҳо, малакаҳо ва шуғлпазирӣ” (The end of degrees? Micro-credentials, skills and employability) баргузор гардид.

Дар кори семинар директори Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” Рамазон Одиназода бо ҳайати намояндагони кишварҳои гуногуни ҳамшарики Барномаи Erasmus+ иштирок намуд. Чорабинии мазкур дар Донишгоҳи байналмилалии Рабат (Université Internationale de Rabat – UIR), ки ҳамчун яке аз муассисаҳои инноватсионии таҳсилоти олӣ дар минтақа шинохта шудааст, баргузор гардида, ба баррасии равандҳои нави ҷаҳонӣ дар арзёбии малакаҳои касбӣ, ташкили системаи таҳсилоти модулӣ ва муаррифии микромуҳрҳо ҳамчун воситаи эътирофи қобилиятҳо бахшида шуда буд.

Зимни чорабинӣ, намояндагони кишварҳо вобаста ба таҷрибаҳои миллии худ дар истифодаи микромуҳрҳо (micro-credentials), ҳадафмандсозии барномаҳои таҳсилӣ ба бозори меҳнат, равандҳои рақамисозии таҳсилоти олӣ ва нақши онҳо дар таҳкими шуғлпазирии ҷавонон ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни семинар инчунин имкониятҳои васеи барномаи Erasmus+ барои таҳсил, табодули таҷриба, дастгирии лоиҳаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва рушди иқтидори институтсионалӣ муаррифӣ карда шуданд.
Таъкид гардид, ки дастгирии донишҷӯён ва омӯзгорони кишварҳои шарик, аз ҷумла Тоҷикистон, дар доираи барномаҳои Erasmus+ бояд минбаъд низ идома ёбад ва дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, таҳсилоти рақамӣ, рушди устувор ба бозори меҳнат, тақвият дода шавад.
