ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ДАНДИИ ШОТЛАНДИЯ
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд, намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ба Шотландия сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи ин сафар вохӯрии сатҳи баланд бо муовини ректори Донишгоҳи Дандӣ, яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир баргузор гардид.

Донишгоҳи Дандӣ (номи расмӣ The University of Dundee) дар шаҳри Дандӣ – маркази илмӣ ва таҳқиқотии Шотландия ҷойгир буда, зиёда аз 17 ҳазор донишҷӯ аз 140 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад.

Ин муассисаи таълимӣ ба сифати донишгоҳи тадқиқотӣ маъруф буда, бо рушди соҳаҳои биотиббӣ, муҳандисӣ, санъат, ҳуқуқ ва муҳити зист шуҳрат дорад. Донишгоҳ бо иқтидори баланди лабораторӣ, омӯзгории интерактивӣ ва фазои мусоиди таҳсилу зиндагӣ шинохта шудааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба имкониятҳои таҳсилии донишҷӯёни тоҷик, ба вижа дар зинаи бакалавр ва магистратура, мубодилаи афкор намуданд. Муовини ректори донишгоҳ бо таъкиди ҷиддии аҳамияти густариши муносибатҳои байналмилалӣ иброз дошт, ки Донишгоҳи Дандӣ омода аст бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи стипендияҳо ва тахфифҳои махсуси таҳсилӣ ҳамкорӣ намояд. Аз ҷумла, баррасӣ гардид, ки донишҷӯёни тоҷик метавонанд аз бурсияҳои дохилии донишгоҳ ва инчунин аз дастгирии инфрасохтории зисту таҳсил истифода баранд.

Сафари мазкур ҳамчун нахустин иқдоми расмӣ дар қаламрави Шотландия барои рушди ҳамкориҳо дар самти таҳсилоти байналмилалӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Британияи Кабир арзёбӣ мегардад.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ ин сафарро оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои босамар мешуморад ва изҳори боварӣ менамояд, ки бо тавсеаи робита бо донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ба ҷавонони лаёқатманди тоҷик имкониятҳои наву арзишманд фароҳам хоҳад омад.
