ИМЗОИ ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КАБАРДИНО-БАЛКАРИЯ
Бо мақсади тақвияти робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва ҷалби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёни Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ва Донишгоҳи давлатии Кабардино-Балкария ба номи Х.М. Бербеков шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни ба имзо расонидани шарнома директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Рамазон Одиназода ва ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кабардино-Балкария ба номи Х.М. Бербеков Албина Виндижева мақсади асосии санади мазкурро таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти ҷалби донишҷӯён аз Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Кабардино-Балкария ба номи Х.М. Бербеков ва баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо тибқи меъёрҳои байналмилалии таълим арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки шартномаи мазкур ба густариши имкониятҳои таълимӣ барои ҷавонони тоҷик, ҳамзамон рушди равобити илмӣ-академӣ миёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Федератсияи Россия мусоидат хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Кабардино-Балкария ба номи Х.М. Бербеков яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, бо таърихи ғанӣ ва таҷрибаи бой дар омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самтҳои гуногуни илм шинохта шудааст.
