gerb

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ АРИЗОНА

Дар доираи сафари хизматии намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, як қатор вохӯриҳо бо роҳбарият ва ҳамоҳангсозони барномаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Аризона (Arizona State University) баргузор гардиданд.


Намояндагони Марказ зимни вохӯрӣ бо шароити зист, муҳити таълим, сатҳи хизматрасониҳо ва дастрасии донишҷӯён ба захираҳои таълимӣ шинос шуда, бо ҷараёни таҳсили онҳо аз наздик ошно гардиданд. Дар ҷараёни суҳбат, ба донишҷӯён аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ гардид. Гуфта шуд, ки таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” далели равшани сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва пуштибонии насли нав мебошад. Мавзуъҳои баррасишуда дар мулоқот асосан ба тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, дурӣ аз ифротгароӣ, истифодаи самараноки вақт, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои муосир, инчунин омодагӣ ба бозгашт ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар марбут буданд.


Зимни мулоқот бо хонум Зуҳра Сутӯда, ҳамоҳангсози иҷроия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар донишгоҳи мазкур, масъалаи таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи докторантура (Ph.D) тибқи квота мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи суҳбат зикр гардид, ки донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар доираи барномаҳои дастгиришаванда ва бо дарназардошти шартҳои муайян дар зинаи Ph.D дар ин донишгоҳи бонуфуз ба таври ройгон таҳсил намоянд. Ин имконият ба густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва рушди захираҳои илмии кишвар мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин бо Майлз Кампос, директори ширкати байналмилалии Каплан ва Даниэл Ҳойл, роҳбари калон дар Маркази донишҷӯён ва олимони байналмилалӣ ва масъули қабул ва бақайдгирии донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Аризона мулоқоти муштарак доир гардид. Дар ҷараёни суҳбатҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамоҳангӣ дар назорати раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик, ҷобаҷогузории онҳо ва сифати таълим мавриди муҳокима қарор гирифтанд.