МУЛОҚОТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФЛОРИДАИ АМРИКО
Дар доираи сафари хизматӣ ба штати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кормандони Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” бо гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки бо Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таҳсил менамоянд, вохӯрӣ анҷом доданд. Дар вохӯрӣ чаҳор донишҷӯйи тоҷик аз Донишгоҳи байналмилалии Флорида ва як донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии Каролинаи Шимолӣ иштирок намуданд.

Намояндагони Марказ зимни вохӯрӣ бо шароити зист, муҳити таълим, сатҳи хизматрасониҳо ва дастрасии донишҷӯён ба захираҳои таълимӣ шинос шуда, бо ҷараёни таҳсили онҳо аз наздик ошно гардиданд. Дар ҷараёни суҳбат, ба донишҷӯён аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ гардид. Гуфта шуд, ки таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” далели равшани сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва пуштибонии насли нав мебошад. Мавзуъҳои баррасишуда дар мулоқот асосан ба тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, дурӣ аз ифротгароӣ, истифодаи самараноки вақт, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои муосир, инчунин омодагӣ ба бозгашт ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар марбут буданд.

Дар интиҳо, кормандони Марказ аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки бо дониши муосир, ҷаҳонбинии илмӣ ва ахлоқи намунавӣ намояндагии сазовори Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар ба иҷро расонанд ва пас аз хатми таҳсил бо иродаи қавӣ барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Ватан саҳм гузоранд. Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни мазкур дар ихтисосҳое таҳсил менамоянд, ки барои иқтисодиёти миллӣ муҳим ва афзалиятнок арзёбӣ мешаванд.
