gerb

МУЛОҚОТ ВА СУҲБАТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ АРИЗОНАИ ИМА

Дар доираи сафари хизматӣ ба шатати Аризонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кормандони Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар доираи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” дар Донишгоҳи давлатии Аризона таҳсил менамоянд, вохӯрӣ ва суҳбат анҷом доданд.


Дар Донишгоҳи давлатии Аризона 13 нафар донишҷӯи тоҷик, ки асосан дар ихтисосҳои барои иқтисоди миллии кишвар зарур, аз ҷумла, иқтисод, технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисӣ ва фанҳои дақиқ таҳсил доранд, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Зимни вохӯрӣ, намояндагони Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз шароити зист, сатҳи хизматрасониҳо, муҳити таҳсил ва дастрасии донишҷӯён ба захираҳои таълимӣ боздид ба амал оварда, аз наздик бо ҷараёни таҳсили онҳо ошно гардиданд. Зимни боздид фаъолияти таҳсилоти донишҷӯёнро қаноатбахш арзёбӣ намуда, сатҳи омодагии онҳоро барои татбиқи дониш дар шароити кишвар умедбахш арзёбӣ карданд.


Намояндагони Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар ҷараёни суҳбат бо донишҷӯён аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, зикр карданд, ки ҷавонон чун қишри ояндасоз дар кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ба онҳо имкониятҳои васеъ барои кору таҳсил фароҳам оварда шудааст. Маҳз дар ҳамин замина, таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” далели возеҳи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонони лаёқатманд мебошад.