gerb

ДУЮМИН ФЕСТИВАЛ – НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР “МАРКАЗИ ЭКСПО – ДУШАНБЕ”

14 апрели соли 2025 дар “Маркази ЭКСПО – Душанбе”-и шаҳри Душанбе рӯзи якуми дуюмин Фестивал – намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, директор ва кормандони Маркази барномаҳои байналмилалӣ, кормандони соҳаи маориф, намояндагони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо, ҳамчунин намояндагони 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико иштирок намуданд.



Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки фестивал – намоишгоҳи мазкур бо мақсади тақвияти фаъолият дар самти густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баргузор карда мешавад. Аз ҳамин лиҳоз хонандагону довталабони тоҷикро мебояд аз имконияти мавҷуда самаранок истифода бурда, барои омӯзиши илму дониш ва азхудкунии касбу ҳунари замони муосир саъю кӯшиш намоянд.



Намоишгоҳи мазкур барои шиносоии пурраи ҷавонону наврасони кишвар бо дастоварду имкониятҳои донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба ин муассисаҳо, дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ фаро гирифтани ҷавонони мамлакат ва ба ин васила кам намудани таъсири хурофот ва радикализми динӣ ба тафаккури ҷомеа, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.

Фестивал – намоишгоҳи мазкур аз 14 то 18 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор гардида, аллакай дар рӯзи аввал зиёда аз 6 ҳазор хонандагону толибилмон аз он дидан намуданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар фестивал – намоишгоҳи мазкур 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок менамоянд.

  • Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» — роҳнамои шумо барои амалӣ намудани орзуҳо!