куч. Мирзо Турсунзода 47

ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

+992 (37) 223-23-59

Душ-Ҷум: 08:00-17:00

mbb-2008@mail.ru

24 x 7 ёрии машваратӣ

     Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) аз рӯи ихтисосҳои зерин 5 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ва 2 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи магистр ҷудо намудааст.

 

Ихтисосҳои зинаи бакалавр:

  1. Муносибатҳои байналмилалӣ
  2. Омӯзиши минтақавии хориҷӣ
  3. Иқтисодиёт
  4. Ҳуқуқшиносӣ
  5. Журналистика
  6. Реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ

  

Ихтисосҳои зинаи магистр:

  1. Муносибатҳои байналмилалӣ
  2. Омӯзиши минтақавии хориҷӣ
  3. Иқтисодиёт
  4. Ҳуқуқшиносӣ
  5. Журналистика
  6. Реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ
  7. Илмҳои сиёсӣ
  8. Идораи давлатӣ ва мунисипалӣ
  9. Кори тиҷоратӣ

 

      Давраи аввали бақайдгирии довталабон барои зинаи бакалавр дар бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-ум то 21-уми апрел идома ёфта, озмун рӯзи 26 апрел дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад (дар бораи макони баргузории тест ба ҳар яке аз довталабони номнависшуда тавассути телефон хабар дода хоҳад шуд).

      Даври дуюм дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ ҷониби Комиссияи қабули донишҷӯён, магистрҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар бо иштироки довталабоне, ки дар даври аввал аз ҳама холи баландро ба даст овардаанд гузаронида мешавад.

 Сана, макон ва вақти озмун тариқи телефон хабар дода мешавад.  

     Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд то санаи муқарраргардида, ба бахшҳои минтақавии муайян гардидаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ

  1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
  • телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67.
  1. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:
  • Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12;
  • телефон: 915 20 72 29.
  1. Рашт: бахши минтақавии Марказ:
  • ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
  • телефон: (+992 3131) 2 15 78.
  1. Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:
  • вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5;
  • телефон: 926 44 11 48.
  1. Панҷакент: бахши минтақавии Марказ:
  • вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
  • телефон: (+992 3222) 5 50 51.
  1. Бохтар: бахши минтақавии Марказ:
  • вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад, 13;
  • телефон: (+992 3222) 3 05 41.
  1. Кӯлоб: бахши минтақавии Марказ:
  • вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;
  • телефон: 915 57 90 77.
  1. Данғара: бахши минтақавии Марказ:
  • вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;
  • телефон: (+992 3312) 2 17 86.

Барои бақайдгирӣ шахсони хоҳишманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

  • ариза ба номи директори Марказ (шакли аризаро Марказ муқаррар кардааст ва он дар Марказ ё яке аз бахшҳои минтақавии он ба довталаб пешниҳод карда мешавад);
  • шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД бо нусхааш;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
  • маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);
  • маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);
  • маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);
  • аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
  • диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
  • диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд).
  • нусхаи сертификатҳои байналмилалӣ ва дастовардҳо (дар сурати мавҷуд будан);

Магистр

        Давраи бақайдгирии довталабон дар зинаи магистратура аз санаи 11.04.2022 то 20.04.2022 идома меёбад.

      Довталабоне ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро то санаи муқаррар гардида ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ пешниҳод намоянд. 

 

Ҳуҷҷатҳои лозим:

  1. Нусхаи шиноснома;
  2. Нусхаи шиносномаи пада­ру модар;
  3. Нусхаи диплом (довта­лабоне, ки то ҳол дипломҳои худро дастрас накардаан бояд маълумотнома аз донишгоҳ ва транскрипти баҳо пешниҳод на­моянд);
  4. Маълумотномаи аз ҷои зист;
  5. Маълумотнома аз ҷои кори падару модар.
  6. Нусхаи сертификатҳои байналмилалӣ ва дастовардҳо (дар сурати мавҷуд будан);

 

Эзоҳ: Инчунин, ба маълу­моти довталабони зинаи бакалавр ва магистр расонида ме­шавад, ки донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмист.

 

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода – 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя).

Телефон барои маълумот: 2-23-23-59