gerb

Таҳсили ройгон дар Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж – 2024

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба довталабон хабар медиҳад, ки Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж барои соли таҳсили 2024 бурсияҳои таҳсили ройгон дар зинаи бакалавриат ва магистратура пешниҳод менамояд.

news-5.jpg
  • Қабули довталабон: аз 14 то 20 августи 2024
  • Макони баргузории имтиҳон: Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»,
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47
  • Телефон барои тамос:: 223-23-59
Ихтисосҳои пешниҳодшуда:
  • Техникаи физикӣ (Факултети радиотехника ва электроника)
  • Нанотехнология ва техникаи микросистемавӣ (Факултети радиотехника ва электроника)
  • Энергетикаи барқӣ ва техникаи барқӣ (Факултети энергетика ва системаҳои идоракунӣ)
  • Энергетикаи гармӣ ва техникаи гармӣ (Факултети энергетика ва системаҳои идоракунӣ, шакли таҳсил: рӯзона ва ғоибона)
  • Сохтмони биноҳои нодир ва иншоотҳо (Факултети роҳ ва нақлиёт)
  • Сохтмон (Факултетҳои роҳ ва нақлиёт, низоми муҳандисӣ ва иншоотҳо)
  • Энергетикаи ҳастаӣ ва физикаи гармӣ (Факултети радиотехника ва электроника)
  • Ҳамаи ихтисосҳо дар асоси буҷавӣ ва бо таҳсили рӯзона пешниҳод мешаванд.
  • Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки ҳарчи зудтар ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд.
  • Маркази барномаҳои байналмилалӣ — роҳи шумо ба таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон!