Донишгоҳҳои Туркманистон бурсияҳои таҳсилро пешниҳод менамоянд.
Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба самъи шаҳрвандон ва довталабон мерасонад, ки донишгоҳҳои Туркманистон бурсияҳои таҳсилро барои зинаи бакалавриат пешниҳод менамоянд.

- Қабули ҳуҷҷатҳо: то 1 августи соли 2024 идома меёбад.
- Довталабони хоҳишманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» пешниҳод намоянд. Барои гирифтани маълумоти бештар ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоед
- Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47
- Телефон барои тамос: 223-23-59
- Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» — роҳнамои шумо барои амалӣ намудани орзуҳо!